Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурди "шармовару бенатиҷа" ба хушунатҳо


Афви Байналмиллал ё Amnesty International мегӯяд, соли 2014 барои миллионҳо нафар соли хушунат буд. Ин созмон чунин вазъро маҳкум кард ва гуфт, бархурди саросарӣ ба муноқишаҳову хушунатҳо аз ҷониби ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳ “шармовару бенатиҷа" будааст.

Amnesty International дар гузориши солонаи худ аз ҳукуматҳо хостааст, то вонамуд накунанд, ки берун аз имкониятҳои худ аз шаҳрвандон ҳимоят мекунанд. Онҳо бояд тағироти бунёдиро тавре қабул кунанд, ки битавонанд аз бӯҳронҳо пешгирӣ намоянд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар шарқи Украина ҳам ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва ҳам низомиёни Украина ба шаҳрвандоне, ки дар миёни обу оташ қарор гирифтанд, бархурди зарурӣ нишон надодаанд. Ҳеҷ як аз тарафҳо омодагӣ нишон надод, ки шахсони масъулро барои ваҳшоният ба масъулият бикашад.

Amnesty International ҳамчунин ҳамлаҳои тундравҳо дар Афғонистону Покистонро маҳкум кардааст, вале аз мақомоти ин ду кишвар хостааст, ки ба таҳдидҳои амниятӣ ба истилоҳ бархурди “аждаҳорона” нишон диҳанд.

Дар соли 2014 гурӯҳҳои мусаллаҳ дар 35 кишвар ҷиноят содир кардаанд. Ин созмон тундравҳои Давлати Исломии номниҳодро нигаронии аслӣ медонад.

XS
SM
MD
LG