Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти посбонони гӯри Шоҳ Сулаймон ба Туркия


Садҳо низомиён ва тонку зиреҳпӯшҳои Туркия ба хотири интиқоли посбонони оромгоҳи Шоҳ Сулаймон ба кишвар вориди шаҳри Кӯбонии Туркия шуданд. Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия рӯзи 22 феврал гуфт, ки амалиёт бо муваффақият гузашт, вале расонаҳои туркӣ дар бораи ҳалокати як сарбоз бар асари ҳодисаи нохуш хабар доданд. Давлатоғлу гуфт, ки Анкара дар бораи интиқоли посбонони оромгоҳи Шоҳ Сулаймон аз Сурия аз ягон кишвар иҷоза ё кӯмак нахостааст, аммо баъд аз шурӯи амалиёт Эътилофи зидди гурӯҳи “Давлати исломи”-ро дар ҷараён гузоштааст.

Шоҳ Сулаймон – бобои Усмони як, поягузори давлати Усмонии Туркия буд. Ӯ ибтидои қарни 13 ҳангоми убур аз рӯдхонаи Ифрот ғарқ шуда буд. Шоҳ Сулаймонро дар канори рӯдхона дар вилояти Ҳалаб, воқеъ дар шимоли Сурия, гӯронида буданд. Сурияву Туркия соли1923 қарордоде имзо карданд, ки бар пояи он болои оромгоҳи Шоҳ Сулаймон парчами Туркия парафшон гардид ва чиҳил низомии турк ба ҳифзи оромгоҳ пардохтанд.

Тасмим дар бораи интиқоли муҳофизони оромгоҳи Шоҳ Сулаймон ба Туркия бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ва даргириҳо бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” гирифта шуд.

Оромгоҳи Шоҳ Сулаймон 35 километр дуртар аз шаҳри Кӯбонӣ ҷойгир шудааст. Аҳмад Довудоғлу гуфтааст, бояд ҷанозаи Шоҳ Сулаймон ба минтақае дар Сурия интиқол дода шавад, ки Туркия онро дифоъ карда тавонад.

XS
SM
MD
LG