Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонов - раиси Иттиҳодияи футболи ОМ


Мираброр Усмонов, раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва раҳбари Федератсияи футболи Узбакистон раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Дар ин бора ассотсиатсияи мазкур дар ҷаласаи худ дар Кувайт тасмим гирифтааст.

Дафтари ассотсиатсия дар Тошканд ҷой хоҳад гирифт. Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Эрону Узбакистон, Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон дохил мешаванд.

Тасмим дар бораи ташкили ин ассотсиатсия моҳи июни соли 2014 дар Конфедератсияи футболи Осиё қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG