Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе зери чархи тепловоз монд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Норбиш Менглиқулова, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи оҳан зери чархи тепловоз монда, ҷон додааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи 16 феврал, тахминан соати 17:40 иттифоқ уфтодааст.

“Тепловози “ТЭМ-2 УМ” таҳти идораи машинист Худойдод Мирзоев ва ёвари ӯ - Рустам Наҷмиддинов ҳангоми ҳаракат дар километри 4685-уми байни истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-2 ва Душанбе-1 Норбиш Менглиқуловаро пахш намудааст. Дар натиҷа Менглиқулова ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад”,-омадааст дар иттилоияи расмии Вазорати умури дохилӣ.

XS
SM
MD
LG