Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олӣ дар мурофиаи навбатии парвандаи ҷадиди Зайд Саидов, ки имрӯз, 16 феврал дар СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои 5 соат идома кард, дархости вакили мудофеъ оид ба кушода ва бо ширкати хабарнигорон сурат гирифтани мурофиаро баррасӣ намуда, онро рад кард. Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи душанбе аз соати 10:00 то 16:00 мурофиаи парвандаҳои иқтисодии марбут ба Зайд Саидов сурат гирифт ва додраси Додгоҳи олӣ дархости ба таври кушод ва бо ширкати хабарнигоргн идома кардани мурофиаро рад кард. Вай афзуд, ки додрас Алпомиш Акбаров дар ин робита гуфтааст, ки то 10 нафар наздикони Зайд Саидов метавонанд дар мурофиа ширкат кунанд, аммо барои ҳузури рӯзноманигорон дар СИЗО шароит вуҷуд надорад. Исҳоқ Табаров афзуд, дар машварат бо Зайд Саидов ба ин хулоса омаданд, ки зерҳимояаш дар мурофиаҳо ширкат намояд, зеро дар ғайби ӯ мурофиа метавонад ғайримунсифона сурат бигирад. Аз ин рӯ, Зайд Саидов афзал шумурд то дар баҳсҳо ҳузур пайдо карда ва аз худ дифоъ намояд. Қаблан Зайд Саидов бо ирсоли як ариза ба раиси Додгоҳи олӣ таъкид карда буд, ки агар мурофиа пӯшида сурат гирад ва хабарнигорон роҳ дода нашаванд, мурофиаро бойкот хоҳад кард.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

XS
SM
MD
LG