Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шакли нави сомонаи "Tajinfo" пешкаш шуд


Рӯзи 10 феврал медиахолдинги тоҷикии "Tajinfo" дар Русия тарҳи нави сомонаашро пешкаши хонандагон кард. Абӯбакри Файзалӣ, сардабири ин хабаргузорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “шакли нави сомона бо дарназардошти талаботҳои наву муосири фановарӣ ва навгониҳои пешниҳоди мавзӯву мӯҳтаво, ороишоти техникӣ таҳия шудааст.”
Сомонаи http://tajinfo.ru/ аз бахшҳои хабарӣ, таҳлилӣ, фарҳангӣ, иқтисод, муҳоҷират, варзиш иборат буда, ҳамчунин дар он радиои «Муҳоҷир», шумораҳои рӯзномаи «Тоҷикони Россия», маҷаллаи «Тоҷикистон» ва телевизиони « Tajinfo ТV» ҷой дода шудааст.

Хабаргузории "Tajinfo" 10 сол пеш аз сӯи хабарнигори тоҷик Муҳаммади Эгамзод таъсис ёфта, маркази он дар Маскав воқеъ мебошад. Масъулони "Tajinfo" “боло бурдани мақоми тоҷикони бурунмарзӣ, имиҷи тоҷикон ва Тоҷикистон дар хориҷ ва ҳамчунин пешниҳоди ахбору маводи дақиқу ҷолиб аз ҳаёти Тоҷикистон ва тоҷикистониёни берун аз кишвар” -ро аз ҷумла ҳадафҳои асосии худ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG