Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз сирояти "сурхак" дар Мурғоб


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз паҳншавии бемории сурхак (гул) дар Мурғоб, ки аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон сироят кардааст, ҷилавгирӣ намудааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз, 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта ду сокини 10-солаи Қирғизистон ба ноҳияи Мурғоб омадаанд, ки гирифтори бемории сурхак (гул) будаанд ва ба хотири сироят наёфтани он ба дигарон, онҳоро мавриди табобат қарор додаанд ва ҳамин тавр аз сирояти ин беморӣ ҷилавгирӣ карда шудааст. Вай афзуд, баъди ошкор шудани гирифтории ду сокини даҳсолаи Қирғизистон, ҳамаи кӯдакон ва навросони то даҳсола воксина зада шуданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои эҳтимоли вуруди афроди гирифтори ин беморӣ аз Қирғизистон, дар минтақаи марзии Мурғоб чораҳои тиббиро таҳким бахшидааст. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳои афғонӣ хабар доданд, ки дар деҳаи Санглеҷи вулусволии Шикайи вилояти Бадахшони Афғонистон, дар рӯбарӯи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ҳафт кӯдак аз бемории сурхак ҷон бохтаанд. Бадахшони Тоҷикистон бо вилояти Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дорад ва дар чанд минтақа пулҳо вуҷуд доранд, ки сокинони ду тарафи дарёи Ому дар бозорҳои сарҳадӣ бо ҳам табодули коло мекунанд.

XS
SM
MD
LG