Пайвандҳои дастрасӣ

Урдун анборҳои созмони Давлати исломиро нобуд кард


Ҳавопаймоҳои ҷангии Урдун рӯзи 5-уми феврал баъди парвоз аз болои зодгоҳи халабони кушташудаи кишвар анбор ва тамрингоҳҳои созмони Давлати исломиро дар Сурия бомбаборон карданд. Дар баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Урдун омадааст, ки даҳҳо ҳавопаймо барои ҳамла сафарбар шуданд ва анбору тамрингоҳҳои ҷангҷӯёнро нобуд карданд. Пештар аз ин шоҳи Урдун Абдулло ба назди хонаводаи Муоз Ал Қасасба халабони кушташуда рафт ва ба онҳо изҳори тассалият кард. Ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ чанд рӯз пеш Муоз ал-Қасасбаро дар дохили қафасе оташ заданд. Носир Ҷуда, вазири умури хориҷии Урдун, ба телевизиони CNN гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавзеъҳои созмони Давлати исломӣ, аввали кор дар посух ба амалкарди бераҳмонаи ҷангҷӯён аст ва Урдун бо “ҳарчизе, ки дорад”, дар пайи маҳви аъзои Давлати исломӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG