Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров, Свараҷ ва Ҷи дар Пекин мулоқот мекунанд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар шаҳри Пекин бо ҳамтоҳои худ аз Ҳинду Чин мулоқот мекунад. Рӯзи 2-уми феврал Сергей Лавров бо Сушма Свараҷ, вазири умури хориҷии Ҳинд мулоқот кард ва сипас ду тараф ба мулоқоти Ванг Ҷи, ҳамтои чинии худ рафтанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Русия, вазирони се кишвар дар бораи авзои минтақаи Осиёву Уқёнусия, амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Ироқу Сурия ва гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ ва авзоъ дар Украинаву дигар минтақаҳо сӯҳбат мекунанд. Се тараф ҳамчунин ҳамоҳангсозии сиёсатҳояшон дар таркиби созмонҳои байналмилалӣ ба мисли Конфронси Эътимодсозӣ дар Осиёро баррасӣ кардаанд. Сергей, Лавров, Сушма Свараҷ ва Ванг Ҷи ҳамчунин дар бораи дархости Ҳинд барои пайвастан ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сӯҳбат мекунанд. Чину Русия тарафдори узвияти Ҳинд дар созмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG