Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи "зиддибуҳронӣ”-и ҳукумат


Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ҳама гуна буҳрон, ки дар пайи поин омадани қурби рубли русӣ ба вуҷуд хоҳад омад, як барномаи мукаммал таҳия кардааст.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод, рӯзи 28 январ гуфт, ин барномаи зидди буҳрони эҳтимолӣ барои солҳои 2015-2016 аз панҷ қисм иборат аст. Вай афзуд, ин барнома ҳанӯз дар ҳоли баррасист ва дар сурати тасдиқаш ба манфиат хоҳад буд.

Оқои Раҳимзода дар нишасти хабарии ниҳодаш аз пешниҳоди номзадии ӯ ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон ҳам истиқбол кард. Ӯ гуфт, дар сурати рафтанаш ба парлумон тамоми донишу таҷрубаашро барои пешрафти кишвар сарф хоҳад кард.

Номзадии Раҳимзода аз тарафи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG