Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳои Etihad ва Air Arabia ба Ироқ


Фурудгоҳи байнулмилалии Бағдод
Фурудгоҳи байнулмилалии Бағдод

Ширкатҳои ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб баъд аз хабари тирандозӣ ба ҳавопаймое, ки аз Дубай ба Бағдод парвоз мекард, аз рӯзи 27 январ парвозҳо ба пойтахти Ироқро мутаваққиф карданд. Масъулини ширкатҳои Etihad ва Air Arabia гуфтанд, ки дар бораи қатъи парвозҳо аз мақомоти амниятии Раёсати авиатсияи граждании Аморати Муттаҳидаи Араб дастур гирифтанд.

Ширкати Flydubai мегӯяд, тири силоҳи оташфишон дар яке аз ҳавопаймоҳо рӯзи 26 январ баъди фуруд омадан дар Бағдод ошкор шуд. Ба иттилои ширкат, сӯи ҳавопаймои масири FZ215 қабл аз фуруд омадан оташ кушодаанд, аммо ба касе аз мусофирон осеб нарасидааст.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG