Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз вазъи Мариупол нигарон аст


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз риоят нашудани оташбас дар шарқи Украина шадидан изҳори нигаронӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар мушакборони ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шаҳри Мариуполи шарқи Украина 30 нафар кушта, бештар аз 90 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Обама дар нишасти хабарии худ дар Деҳлӣ дар ҷараёни боздидаш аз Ҳиндустон 25 январ гуфт, “мо аз нақзи ахири оташбас шадидан нигарон ҳастем”. Обама барои ташдиди вазъ дар шарқи Украина ҷудоихоҳонро, ки аз Русия кӯмаки моливу таҷҳизоти ҷангӣ мегиранд ва низомиёни онҳоро, ки ҷудоихоҳонро машқ медиҳанд, гунаҳгор донист.

Обама қавл дод, ки “ҳалқаи фишор бар Русияро тангтар мекунад”, то бо ҳампаймонҳои Амрико ҳамкорӣ кунад ва дар ин кор аз ҳар гузина истифода хоҳад кард.

Киев мегӯяд, ки 24 январ Мариупол дар се ҳамлаи алоҳида аз қисматҳои зери контроли ҷудоихоҳон аз Град мушакборон шуд. Аммо ҷудоихоҳон даъво доранд, ки ин ҳамлаҳоро нируҳои Украина анҷом додаанд.

САҲА мегӯяд, ки ҳамлаҳо аз маҳаллоте анҷом гирифтаанд, ки нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG