Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари бастани 700 сомона дар Қазоқистон


Дафтари Додситонии Кулли Қазоқистон натиҷаҳои расидагии худ ба сомонаҳои интернетиро эълон кардааст ва гуфтааст, ки дар давоми соли 2014 маводи нашркардаи бештар аз 700 сомона хусусияти тундгароёна доштааст.

Дар ин бора дар сомонаи додситонӣ эъломияе ба нашр расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки кормандони онҳо барои пешгирӣ аз тундгароии мазҳабӣ ва терроризм дар соли 2014 беш аз 100 ҳазор сомонаро тафтиш кардаанд.

Онҳо дар бораи 703 сомона, ки маводи тундгароёна ба нашр расондаанд, гузориш таҳия ва ба додгоҳи Қазоқистон фиристодаанд. Додситонӣ пешниҳод кардааст, ки ин сомонаҳо дар Қазоқистон баста шаванд.

АсҳатДаулбоев-Додситони кул гуфтааст, ки баъзе аз ин сомонаҳо пеш аз ҳукми додгоҳ баста шудаанд ва ин тасмимро додгоҳ ҳатман ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Даулбоев гуфтааст, ки дар соли 2014 онҳо бо ҳамкорони худ дар Русия барои ифшои маводи тундгароёна ва бастани сомонаҳо ҳамкорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG