Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди раҳбарони ҷаҳон ба Саъудӣ идома дорад


Намояндагони боломақом ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон баъд аз як рӯзи даргузашти Абдулло-шоҳи Арабистони Саъудӣ вориди ин кишвар мешаванд, то таслияти худро ба шоҳ Салмон-раҳбари нави ин кишвар баён кунанд.

23 январ раҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс ва раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия, Навоз Шариф-нахуствазири Покистон дар миёни меҳмонон ва раҳбарон дар масҷиди Имом Туркӣ бин Абдуллоҳ дар шаҳри Риёз ҳузур ёфтанд.

Шоми ҳамон рӯз садҳо нафар шаҳрвандони Саъудӣ ба қасри шоҳ ворид шуданд, то ба таври рамзӣ вафодориву садоқати худро аз Шоҳ Салмон-раҳбари нави 79 солаи ин кишвар ва ба валиаҳд Муқрин иброз доранд. Муқрин баъд аз Салмони 79 сола шоҳи навбатии ин кишвар хоҳад буд ва 69 сола аст.

Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, Наҷиб Разоқ-нахуствазири Малайзия ва Фуъод Маъсум-раиси ҷумҳури Ироқ баъдтар барои расондани таслият вориди Арабистони Саъудӣ шуданд.

Интизор меравад, ки раҳбарони кишварҳои ғайримусулмоннишин дар давоми рӯзи 24 январ вориди Риёз шаванд. Дэвид Камерон-нахуствазири Бритониё, Чарлз-шоҳзодаи Бритониё, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Ҳайати Амрико зери раҳбарии Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳур дар ҳамин рӯзҳо ба Арабистони Саъудӣ меояд.

XS
SM
MD
LG