Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The Observatory хостори раҳоии Ш.Қудратов шуд


Нозирот барои ҳимоят аз мудофеони ҳуқуқи инсон, як барномаи муштараки Созмони байналмилалӣ алайҳи шиканҷа ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар хостори раҳоии вакили дифои тоҷик Шӯҳрат Қудратов шуданд.

Дар баёнияе, ки рӯзи 23 январ аз сӯи ин ниҳод ба нашр расид, аз Шӯҳрат Қудратов ба унвони вакили дифоъе ёд шудааст, ки аз парвандаҳои мухолифони ҳукумат, қурбониёни шиканҷа дар боздоштгоҳу маҳбасҳо ва афроде, ки ба тундгароии динӣ муттаҳам мешуданд, ҳимоят кардааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, Шӯҳрат Қудратов ҳамзамон яке аз вакилони дифои Зайд Саидов буд, ки аз сӯи додгоҳ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ҳамзамон яке аз раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратовро рӯзи 13 январи соли ҷорӣ, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қарори додгоҳ, Қудратов баъд аз раҳоияш аз зиндон низ ду сол ҳаққи адвокатӣ надорад. Шӯҳрат Қудратов ба иттиҳоми қаллобӣ ва ришваситонӣ равонаи зиндон шудааст.

XS
SM
MD
LG