Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини пешини раиси ҷумҳур 5 сол ҳукм гирифт


Муҳаммад Ризо Раҳимӣ

Муҳаммад Ризо Раҳимӣ

Додгоҳи Олии Эрон Муҳаммад Ризо Раҳимӣ-муовини пешини раёсати ҷумҳурии ин кишварро 5 солу 3 моҳ маҳкум ба зиндон кард ва дастуре содир намуд, ки вай бояд 360 ҳазор доллар (10 миллиард риёл)пардохт кунад.

Матбуоти давлатии Эрон 21 январ гуфт, ки Раҳимӣ бояд як миллион доллари дигар (28,5 миллиард риёл) ҷуброн пардохт кунад, вале гуфта нашудааст ба кӣ ва ё ба кадом ниҳод.

ИРНО-хабаргузории расмии Эрон гуфтааст, ки як додгоҳи маҳаллӣ Раҳимиро ба 15 соли ҳабс маҳкум кардааст, вале дар бораи иттиҳоми вай чизе нагуфтааст.

Раҳимӣ аз соли 2005 то соли 2013 яке аз шахсиятҳои расмии наздик ба Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури пешини Эрон ба шумор мерафт.

XS
SM
MD
LG