Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони намояндагии БДИПЧ-и САҲА барои назорати ҷараёни корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба Душанбе омаданд. Клавдия Аранда (Claudia Aranda), сухангӯи намояндагии БДИПЧ-и САҲА рӯзи душанбеи 19 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 17 январ 14 тан нозири ин созмон барои назорати ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Душанбе омаданд. Вай афзуд, қарор аст дар ҳафтаи оянда боз 16 нафар нозирони ин созмон ба Тоҷикистон биоянд. Клавдия Аранда мегӯяд, барои рӯшанӣ бахшидан ба барномаи нозирони БДИПЧ дар Тоҷикистон, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА субҳи сешанбе як нишасти хабарӣ барои хабарнигорон дар меҳмонхонаи "Ҳайат Реҷенсӣ" баргузор хоҳад кард. Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз чанд сол ба ин тараф интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Тоҷикистонро назорат мекунанд. Дар аксари маворид ин нозирон интихоботҳои Тоҷикистонро ношаффоф хондаанд.

XS
SM
MD
LG