Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни украинӣ фурудгоҳи Донетскро таҳти назорат доранд. Дар ин бора намояндаи Шӯрои миллии амният ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамлаҳои ҷудоихоҳонро баргардониданд ва ҷудоихоҳон талафоти зиёд доданд. Дар набардҳо се низомии украинӣ кушта ва 18 нафар маҷрӯҳ шудаанд, афзуд Андрей Лисенко. Қаблан Юрий Бирюков, мушовири раисиҷумҳури Украина, хабар дод, ки дар набардҳо барои фурудгоҳи Донетск фақат як низомии украинӣ ҷон бохтааст.

Расонаҳои русӣ бо такя ба манбаъҳояшон дар Ҷумҳурии мардумии Донетск рӯзи шанбе хабар доданд, ки ҷудоихоҳон охирин гурӯҳи низомиёни украинариро аз фурудгоҳи шаҳри Донетск дур андохтанд.

Фурудгоҳи Донетск рӯзҳои ахир ба саҳнаи асосии муқовимат миёни ҷудоихоҳон ва низомиёни украинӣ табдил шудааст. Даргириҳо баъди он аз сар гирифта шуданд, ки ҷудоихоҳон 13 январ аз артиши Украина талаб намуданд то бинои фурудгоҳро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG