Пайвандҳои дастрасӣ

Йозеф Блаттер -- президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) аз Рустами Эмомалӣ – раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои таваҷҷуҳаш ба рушди футболи наврасону кӯдакон дар кишвар изҳори сипос кардааст. Оқои Блаттер рӯзи 16 январ дар сӯҳбаташ бо Хуршед Мирзоев, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Санкт Петербург гуфтааст, ин роҳе, ки ФФТ интихоб кардааст роҳи дурусту пурманфиат мебошад.

“Ба Рустами Эмомалӣ саломи самимии маро расонед. Ман аз ӯ ҷиҳати саҳмаш дар рушди футболи тоҷик миннатдорам. Аз он таваҷҷуҳе, ки Шумо барои рушди футболи ҷавонон зоҳир мекунед, бисёр шодам. Шумо роҳи дурусти рушди футболи кӯдакону ҷавононро пеш гирифтед”,-афзудааст ӯ.

Йозеф Блаттер итминон додааст, ки ФИФА минбаъд низ ба ФФТ ҷиҳати рушди футбол кумак хоҳад кард. Дар ин мулоқот ҳамчунин менеҷери асосии барномаҳои ФИФА доир ба рушди футбол дар Аврупо Ева Паске, муовини роҳбари ФИФА оид ба робита бо ҷомеа Николас Мейнгот, ёварони Блаттер Барун ва Ги Филипп Мате низ иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG