Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Боко Ҳаром ду шаҳрро ба хок яксон кардааст


Созмони Amnesty International (AI) ё “Афви Байнулмилал” аксҳо аз моҳвораро нашр кард, ки онҳоро метавон “далелҳои бечунучаро ва манфур”-и миқёси ҳамла ба ду шаҳри Нигерия аз сӯи гурӯҳи Боко Ҳаром дар ҳафтаи гузашта номид.

Ин созмони мустақар дар Лондон рӯзи 15 январ бо ишора ба аксҳои моҳвораӣ эълом дошт, ки дар ин ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Бага ва Дорон Бага беш аз 3700 бино хароб ё комилан аз байн бурда шудааст.

“Афви Байнулмилал” бо такя ба шоҳидон, мансабдорон ва фаъолони ҳуқуқи башар ҳадс задааст, ки мусаллаҳони гурӯҳ дар ҳамла ба ин шаҳрҳо садҳо сокини осоиштаро ҳадафи тирборон қарор додаанд.

Ҳазорон одамон аз шаҳрҳои Бага ва Дорон Бага фирор карда ба сафи садҳо ҳазор паноҳандагони дохилӣ дар Нигерия пайвастанд.

Даниэл Эйр, пажуҳишгари “Афви Байнулмилал” мегӯяд, ки яке аз ин шаҳрҳо бар асари ҳамлаҳо тайи чаҳор рӯз тақрибан пурра ба хок яксон шудааст.

Баъд аз рӯзи 3 январ чандин шаҳру русто мавриди ҳамлаи гурӯҳи Боко Ҳаром қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG