Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷо Наполитано ба истеъфо рафт


Ҷорҷо Наполитано, раисҷумҳури Италия, рӯзи 14 январ, аз мақомаш истеъфо дод. Мӯҳлати президентии ӯ соли 2020 поён меёфт. Бар пояи хабарҳо, Наполитанои 89-сола бар асари вазъи сҳатӣ ва синни бузург барои тарки мақом тасмим гирифтааст.

То интихоби раисиҷумҳури нав масъулияти раҳбарии кишвар бар дӯши раиси Сенати парлумони миллии Италия Пиетро Грассо вогузошта мешавад.

Ҷорҷо Наполитано моҳи апрели соли 2013 бори дигар курсии раисиҷумҳурро ишғол намуд. Ӯ ҳамон вақт эълом дошт, ки то охири мандати ҳафтсолааш дар мақоми раисиҷумҳури Италия боқӣ нахоҳад монд.

XS
SM
MD
LG