Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба ҷашни озодкунии Освентсим намеравад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар маросими таҷлили 70-солагии озодкунии лагери Аушвиц-Биркенау дар шаҳри Освентсими Лаҳистон аз нозиҳои Олмон ширкат нахоҳад кард. Қарор аст, ки ин маросим рӯзи 28 январ баргузор шавад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки Кремл даъвати расмӣ барои ширкат дар ин маросимро дарёфт накардааст.

Аз ин пеш вазири дафтари раёсатҷумҳурии Лаҳистон профессор Томаш Налэнч дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии маҳаллии “TVN24 Biznes i Świat”, изҳор намуд, ки агар раисиҷумҳури Русия хоҳиши сафар ба Лаҳистонро дошт, қаблан Кремл мақомоти Варшаваро дар ҷараён мегузошт. Ба гуфтаи ӯ, барои ширкат дар маросими 70-солагии Аушвиц-Биркенау аз нерӯҳои ҳитлерӣ даъватномаҳои инфиродӣ нашр нашудаанд, зеро ҳар кишвар худ дар бораи ҳайаташ тасмим мегирад ва ба Шӯрои байнулмилалии Освентсим хабар медиҳад.

Замони ҷанги дуввуми ҷаҳон дар лагери Аушвиц-Биркенау 1 миллиону 400 ҳазор нафар, аз ҷумла, беш аз як миллион яҳудиҳо кушта шуданд. Лагер 27 январи соли 1945 сарбозони шӯравӣ таҳти фармони маршал Конев озод карданд.

Аушвиц-Биркенау яке аз рамзҳои асосии Ҳолокост маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG