Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи дувуми “Кино” аз чоп баромад


Tajikistan -- new magazine about tajik cinema, 12Jan2015
Tajikistan -- new magazine about tajik cinema, 12Jan2015

Шумораи дувуми маҷаллаи марбут ба ширкати “Тоҷиккино” бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромадааст. Сиёвуш Абдуллоев, муҳаррири “Кино”, гуфт, нашри дувуми маҷаллаи онҳо охирҳои соли гузашта ба табъ расида, матолибу суҳбатҳои муҳимро дар бораи гузашта ва имрӯзу ояндаи синамои тоҷик дар бар мегирад.

Дар шумораи дувуми маҷаллаи “Кино” аз ҷумла суҳбат бо ҳунарманди шинохтаи тоҷик Марат Орипов, ки ахиран дар филми “Муаллим”-и Носир Саидов нақш офарид, чоп шудааст. Ӯ гуфтааст, айни замон мавзӯи муаллим ва таълиму тарбия дар мактабҳои Тоҷикистонро аз муҳимтарин мавзӯъҳо меҳисобад. Вай афзудааст, “нақши муаллим, таъсири муаллим асоси зиндагии ҳар як шахс аст.”

“Сафар Ҳақдод – аскари мактаби куҳна дар мактаби нав”, “Таърихи синамои тоҷик”, “Аввалин филми детективии давраи нав” ва “Бозгашт ба қуллаҳои шуҳрат” аз матолиби дигари шумораи нави “Кино”-янд.

XS
SM
MD
LG