Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Суғд соли 2014 ҳашт гурӯҳи тундравро ошкор кардааст


Пулиси Суғд аз соли гузаштаи 2014 то кунун 8 гурӯҳи тундравро ошкор ва 95 аъзои онро дастгир кардааст. Соли 2013 пулиси минтақа 31 узви гурӯҳ ва созмонҳои тундагароро боздошт намуда буд. Шариф Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохили Тоҷикистон дар вилояти Суғд, рӯзи 9-уми январ дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки аз ин боздоштшудагон 47 нафар узви “Ҳаракати исломии Узбакистон” (ҲИУ), 37 тан “Ансоруллоҳ”, 9-кас узви “Ҷундуллоҳ” ва 5 нафар узви “Ҳизб- ут- таҳрир” мебошанд. Вай афзуд, пулиси Суғд дар амалиёти якҷоя ҳалқаҳои ин гурӯҳҳоро дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ ошкор намуда, ахиран 10 узви ҲИУ, ба шумули “амир"-и ин ҳаракатро дар ноҳияи Шаҳринав ва 1 уви дигари ин созмонро дар ноҳияи Қубодиён, боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG