Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба мошини ИА дар Кобул як кас кушта шуд


Бар асари ҳамлаи маргталабона ба мошини полиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар маркази Кобул рӯзи 5 январ як роҳгузар ба ҳалокат расид. Дар ин ҳамла шаш корманди полиси афғон маҷрӯҳ шуданд. Ба кормандони дафтари ИА осебе нарасидааст. Масъулияти ҳамларо толибон бар ӯҳда гирифтанд.

Чанд соат пеш аз ин ҳамла Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Си-би-эси Амрико, изҳор намуд, ки тасмим дар бораи баъди ду сол аз Афғонистон берун шудани ҳама низомиёни амрикоӣ шояд бознигарӣ шавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ваъда додааст, ки то поёни соли 2016 ҳама афсарону сарбозони амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд.

Бар пояи созиши миёни Вошингтон ва Кобул, баъд аз хурӯҷи эътилофи таҳти фармони НАТО аз Афғонистон тақрибан 13 ҳазор низомии амрикоӣ ва бархе кишварҳои дигар ба хотири тамрини нерӯҳои афғон дар кишвар мондаанд.

Ашраф Ғанӣ дар барномаи “60 дақиқа”-и шабакаи Си-би-эс шоми якшанбе гуфт, мӯҳлати хурӯҷи амрикоиҳои боқимондаро аз Афғонистон бояд дар зеҳн нигаҳ дошт, вале он “догма” нест.

XS
SM
MD
LG