Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Узбакистон барои талоши кӯдакрабоӣ боздошт шуд


Як шаҳрванди Узбакистон дар ҳолати мастӣ талош кардааст як духтарчаи чаҳорсоларо дар макази Маскав бирабояд. Дар ин бора пулиси Маскав ба хабаргузории Интерфакс гузориш додааст.

Бино ба ин хабар, тақрибан соати 19-и шом дар майдони Манеж ё Манежная площадь шаҳрванди 29 солаи Узбакистон, ки ба таври расмӣ дар ҷое кор намекунад, ин кӯдаки чаҳорсоларо гирифтааст ва фирор кардааст. Вале пулис вайро таъқиб ва боздошт намудааст.

Муоинаи тиббӣ нишон додааст, ки дар таркиби хуни вай мизони алкогол зиёд будааст. Парванда боз шудааст ва ба ин рафтори вай бозрасӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG