Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли 5 маҳбуси Гуантанамо ба Қазоқистон


Амрико 3 марди яманӣ ва ду тунисиро, ки ҳанӯз беш аз 10 сол қабл дар Покистон бо гумони иртибот бо шабакаи террористии Ал-Қоида дастгир шуда буданд, аз зиндони Гуантанамо озод карда, ба Қазоқистон фиристодааст.

Пентагон – вазорати дифои Амрико - дар изҳороташ аз 30 декабр гуфт, ин 5 нафар “пурра сафед шуда” ва баъди бозрасии парвандаҳояшон аз сӯи чандин ниҳоди давлатии Амрико ба Қазоқистон интиқол дода мешаванд.

Ин 5 нафар аз ҷумлаи он даҳҳо маҳбуси боздоштгоҳи амниятии Гуантанамо дар Кубаанд, ки иттиҳомоти алйҳашон эълоншуда лағв шудааст, вале Амрико аз фиристодани онҳо ба кишварҳои зодгоҳашон ба далелҳои амниятӣ то ҳол истиҳола мекард.

Мақомоти Қазоқистон тасдиқ карданд, ки ин 5 маҳбуси Гуантанамо, ки дар ин кишвар паноҳандагӣ меҷӯянд, рӯзи 31 декабр ба Қазоқистон расиданд. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, ба онҳо мақоми паноҳҷӯ додаанд. Остона гуфт, ин 5 нафарро ҳанӯз расман паноҳанда эътироф накардаанд ва парвандаҳои ҳар яки онҳо аз сӯи вазорати дохила бар асоси қонун баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин вазорат, хароҷоти будубоши ин 5 маҳбуси собиқи Гуантанаморо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бар дӯш гирифтаанд.

Бо раҳоии ин 5 нафар дар Гуантанамо 127 маҳбуси дигар боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG