Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 январ Порошенко дар остона бо Путин мулоқот мекунад


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ки вай 15 январ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот ва талошҳои сулҳ байни Кеив ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро баррасӣ мекунад.

29 декабр Порошенко дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, ки ин мулоқот дар Остона-пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад. Порошенко чанд бор бо Путину Меркел ва Олланд мулоқот дошт ва дар ин мулоқотҳо роҳҳои қатъи муноқиша дар шарқи Украина баррасӣ шуд. Аз моҳи апрел то ҳол дар ин муноқишаҳо 4 700 нафар кушта шудаанд.

Музокироти ахири сулҳи ҷонибҳо бори ахир 24 декабр дар Минск бидуни натиҷае ба поён расид ва интизор мерафт, ки 26 декабр ин музокирот идома ёбад, вале он баргузор нашуд.

XS
SM
MD
LG