Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон сабаби аслии марги бегуноҳон дар Афғонистон


Бо вуҷуди ҳушдорҳои Созмони Милал ба Толибон барои роҳ надодан ба марги мардуми осоишта, вазъ дар Афғонистон тағйир наёфтааст. Ба гуфтаи созмон, аз ҳисоби мардуми осоиштае, ки соли 2014 дар Афғонистон кушта шудаанд ва ё ҷароҳат бардоштаанд, 75 дар сади онҳо қурбонии ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон шудаанд. Николас Ҳейсом, фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Афғонистон, рӯзи 19-уми декабр дар ин бора дар шаҳри Ню Йорк сухан гуфт ва афзуд, ки гузоришҳоро дар бораи марги мардуми осоишта дар Афғонистон ба намояндагони Толибон дар Қатар додаанд. Вале ба гуфтаи ӯ, Толибон иддао доранд, ки омори Созмони Милал дуруст нест. Ҷеорҷет Ҷагнон масъули ҳуқуқи башари Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон, бо вуҷуди паёмҳои “дигаргунаи” Толибон, вазъ тағйир наёфтааст ва талафот дар миёни мардум ҳамчунон зиёд аст.

XS
SM
MD
LG