Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 23 террористи зиндониро эъдом мекунанд


Ба гуфтаи мақомоти зиндони Покистон, қарор аст 23 террористи зиндонӣ дар ҳамин рӯзҳо эъдом шаванд. Ин дар ҳолест, ки террористҳо дар як мактаби низомӣ 132 шогирди мактаб ва 9 омӯзгорро дар Пешовар ба қатл расонданд ва ба дунболи он Навоз Шариф-нахуствазири ин кишвар тасмим гирифт, ки маратория ё боздоштани ҳукми қатлро бекор кунад.

18 декабр ҳукмат дархости бахшиши 17 террористро рад кард. Генерал Роҳил Шариф-раиси ситоди артиш“феҳристи сиёсҳе”-ро, ки дар он номи се сарбози маҳкумшуда низ ҳаст имзо кард. Онҳо низ барои ҳамлаҳои террористӣ гунаҳгор дониста мешаванд.

Дар миёни онҳо Муҳаммад Оқил, ки бо номи доктар Усмон низ шинохта мешавад оварда шудааст. Вай пизишки низомист ва соли 2009 талош карда буд, ки дар Равалпиндӣ ба дастаи варзишии крикети Шри Ланка ҳамла кунад.

XS
SM
MD
LG