Пайвандҳои дастрасӣ

Русия бо Узбакистон муҳоҷиратро танзим карданист


Владимир Тюрденев-сафири Русия дар Узбакистон дар Тошканд ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки мақомоти масълуи ду кишвар барои беҳбуди шароити кории муҳоҷирони кории Узбакистон дар Русия тарҳи қарордоди байниҳукуматиро таҳия мекунанд.

Барои ин кор ҳар ду ҷониб мехоҳанд ба таври созмонёфта шаҳрвандони Узбакистонро ба Русия ба кор фиристанд. Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки ҳоло дар Русия 2 миллиону 300 ҳазор нафар муҳоҷирони кории Узбакистон қарор доранд.

Сафири Русия гуфтааст, ки вилоятҳои Калуга, Воронеж, Липецк Калининград ва Тула ба муҳоҷирон ниёз доранд. Аз моҳи сентябр ба ин сӯ дар сафорат сабти электронии хоҳишмандони кор дар Русия оғоз шудааст. Сафир таъкид кардааст, ки муҳоҷирон аз хадамоти миёнравҳо истифода набаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG