Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як ҳафта арзиши рубл 20 дарсад поин рафт


Ғарқшавии рубл

Ғарқшавии рубл

Сухангӯи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, Путин ба нақша нагирифтааст, ки дар бораи ба шиддат поин рафтани рубли русӣ дар баробари доллар ва евро ва ё дар бораи вазъи иқтисодӣ “эъломияи махсус” нашр кунад.

Матбуоти Русия аз номи Дмитрий Песков 16 декабр нақли қавл кардааст, ки Путин бо ҳукумати худ роҷеъ ба вазъ тамоси доимӣ дорад, вале ба нақша нагирифтааст, ки ягон ҷаласа баргузор ва ё изҳороти фаврӣ пахш кунад.

Песков гуфт, ба назар намерасад, ки Путин ба таври расмӣ то 18 декабр қабл аз баргузории конфронси солонаи матбуотӣ дар ин бора чизе бигӯяд.

16 декабр арзиши рубл хеле поин рафт ва бо вуҷуди талошҳои Бонки Марказии Русия барои нигоҳ доштани арзиши он як доллар 17 декабр ба 71 рубл ва як евро ба 89 рубл расид. Дар давоми як ҳафтаи охир арзиши рубл 20 дарсад поин рафт.

Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ба сабаби коҳиши нархи нафт ва таҳримҳои Ғарб ба зидди Русия арзиши рубл хеле поин рафт. Ин таҳримҳо барои дахолати Русия дар умури Украина ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG