Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабе дар Кобул 6 сарбози афғонро кушт


Бар асари ҳамлаи як маргталаб ба як автобуси хурди сарбозони афғон дар шаҳри Кобул, 6 нафари онҳо кушта шуданд. Фарид Афзалӣ, сармуфаттиши пулиси Кобул, ба хабаргузории "Ассосиэйтед Пресс" гуфтааст, дар ин ҳамла 10 нафари дигар аз ҷумла аз мардуми осоишта ҷароҳат бардоштанд. Бомбгузорӣ субҳи рӯзи 11-уми декабр ва ҳангоми шитоби мардум ба ҷойи корашон рух дод. Толибон масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда гирифтанд. Аз ин пеш ва дар чанд ҳафтаи гузашта ҷангҷӯёни Толибон ба қароргоҳҳои низомӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар муассисаҳои хориҷӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон ҳамла карданд.

XS
SM
MD
LG