Пайвандҳои дастрасӣ

Amnesty International оташ задани хонаҳо дар Чеченистонро маҳкум кард


Баъди ҳамла ба Грозний

Баъди ҳамла ба Грозний

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар як изҳорот рӯзи 10 декабр оташ задани хонаҳои пайвандони афроди гумонбар дар узвият ба гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Чеченистонро «муҷозоти дастаҷамъӣ» номид ва аз мақомоти Русия хостори тафтиши мустақилу воқеъбинонаи ин ҳодиса шуд.

Бар пояи хабарҳо, шаби 6 декабр афроди ниқобпӯш ҳадди аққал чаҳор манзил дар деҳаи Яндии Чеченистонрро оташ заданд. Як рӯз аз ин пеш раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифаи худ дар Инстаграм навишт, “агар ягон фарди мусаллаҳ дар Чеченистон даст ба куштори корманди полис ё каси дигар бизанад, аҳли хонаводааш фавран аз қаламрави Чеченистон берун ва манзили зисташ аз пойдевораш тахриб карда мешавад”.

Раиси Кумитаи алайҳи шиканҷа ва узви Шӯрои ҳуқуқи башри назди раисиҷумҳури Русия Игор Каляпин дар як ариза аз Додситонии кулли Русия хостори тафтиши то куҷо қонунӣ будани ин гуфтаҳои Рамазон Қодиров шуд. Дар як изҳорот Каляпин хоҳиш кардааст, ки алайҳи раҳбари Чеченистон аз рӯи банди “берун аз ваколат пой ниҳодан” парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Шоми 4 декабр афроди мусаллаҳи ношинос ба як постгоҳи нозирони роҳ ҳамла карда дар Хонаи Матбуоти Грозний, пойтахти Чеченистон панаҳ бурданд. Дар амалиёти алайҳи гурӯҳ 14 корманди полис ва 11 нафари ҳамлагар кушта шуданд.

Масъулияти ҳамларо груӯҳи «Аморати Қафқоз» бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG