Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонии сафоратҳои Амрикоро сахттар кардаанд


Дар остонаи нашри гузориши Сенати Амрико дар бораи шеваҳои бозпурсии маъмурони Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA, муҳофизати сафорату дигар муассисаҳои Иёлоти Муттаҳида дар саросари ҷаҳонро сахттар карданд. Кохи Сафед рӯзи 8-уми декабр гуфт, ки сафоратҳо ва дигар муассисаҳо бинобар вуҷуди “аломатҳое” дар бораи “хатари бузургтар” чораҳои эҳтиётӣ андешиданд. Дар гузориши сенат, ки қарор аст рӯзи 9-уми декабр нашр шавад, шеваҳои бозпурсии муттаҳамони узвият дар Ал-Қоида дар маконҳои махфӣ дар Аврупо ва Осиё баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ошкор шавад. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки бозпурсии дурушт, натиҷаҳои дилхоҳ надодааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, баъди расидан ба қудрат дар соли 2009 барномаи пинҳонии бозпурсии дурушти аъзои Ал-Қоидаро хотима дод ва эътироф кард, ин гуна бозпурсӣ баробар бо шиканҷа аст.

XS
SM
MD
LG