Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси шаҳри Хоруғ аз мақомаш барканор шуд


Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев аз мақомаш барканор шудааст. Фармони барканории раиси шаҳри Хоруғро рӯзи сешанбеи 2 декабр Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, зиёиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии шаҳру вилояти Бадахшон, ки дар маркази ин вилоят баргузор шуд, қироат намуд. Қиматгул Алибердиева, ки то кунун дар мақоми муовини раиси вилояти Бадахшон ифои вазифа менамуд, ба ҷои Фаромӯз Имомбердиев дар ин мақом таъин шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки тайи фармони президенти ҳамчунин раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд. Аз ҷумла Худойназар Амонзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, Матлубахон Сатториён, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққум, Ғайбулло Боҳиров, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом, Маҳмадҷобир Ризоев, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғайрат Азизов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ, Шарбатулло Девонаев, раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Рамазон Оймаҳмадов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъйин шуданд.

XS
SM
MD
LG