Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирсҳои малламӯй ба Чернобил баргаштаанд


Донишмандон мегӯянд, далели собити онро ба даст овардаанд, ки хирсҳои малламӯй ба манотиқи олудашуда аз таркиши нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар шимоли Украина баргаштаанд. Майк Вуд, раҳбари як тарҳи назорат бар табиати манотиқи мамнӯъ барои зист дар атрофи Чернобил рӯзи 28-уми ноябр ба Би Би Си гуфт, камераҳои назоратӣ ҳаракати хирсҳои малламӯй дар ин минтақаро сабт кардаанд. Ин хирсҳо тақрибан як садсола дар инҷо дида нашудаанд. Соли 1986 таркиши қавӣ дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, сабаби ихроҷи моддаҳои радиоактиви зиёд шуд ва баъд аз ин масоҳати то 30 километр наздик ба нерӯгоҳро ҷойи мамнӯъ барои зиндагӣ эълон карданд.

XS
SM
MD
LG