Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум ба масҷиди Султон Аҳмад меравад


Попи Рум рӯзи 29-уми ноябр аз шаҳри Анкара озими шаҳри Истанбули Туркия шуд ва бори дуввум аст, ки ба ин кишвари мусулмоннишин сафар мекунад. Қарор аст, Поп Франсис пешвои католикҳои романии ҷаҳон ба калисои Аясофия, калисои Византияи собиқ ва масҷиди маъруфи Султон Аҳмади Истанбул биравад. Баъд аз ин ӯ бо Бартоломейи I, пешвои 300 миллион масеҳиёни ортодокси ҷаҳон мулоқоти хусусӣ хоҳад дошт. Попи Рум рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Анкара хоҳони муколамаи байни мазҳабҳо шуд ва гуфт, ки ин гуна муколама дар мубориза бо тундгароӣ ва террор кӯмак мекунад. Зимни суханронӣ дар Анкара Попи Рум хост, талошҳо бештар барои аз сар гирифтани музокироти сулҳ дар Ховари Миёна бештар шавад шуд ва аз мардуми ҷаҳон даъват кард, ба сели паноҳандагони Ироқ ва Сурия мадад расонанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, сафари Попи Рум ба кишварашро як гоми “чашмгир” дар роҳи тақвияти сулҳ дар минтақа номид. Сафари Попи Рум ба Туркия дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ қаламравҳои васеъи Сурияро Ироқро ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG