Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо ҳамтои чиниаш мулоқот мекунад


Бо наздик омадани поёни даври охирини музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико бо Ванг Йи, ҳамтои ҷинии худ мулоқот мекунад. Ҷон Керрӣ рӯзи 24-уми ноябр бо нашри паёме дар шабакаи Твиттер гуфт, ки бо Ванг Йи дар Вена мулоқот мекунад ва то замони анҷоми мӯҳлати музокирот то нимашаби имрӯз «мулоқотҳои зиёде» дар пеш дорад. Айни замон вазирони умури хориҷии Олмону Русия, Фаронса, Бритониё, Амрико ва Чин ҳамроҳ бо Кетрин Эштон, музокиракунандаи Иттиҳодияи Аврупо ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия қарор доранд ва дар бораи созиши атомӣ бо Эрон гуфтӯгу мекунанд. Бар асоси ин созиш, ки қарор аст, то 24-уми ноябр имзо шавад, Эрон замонат медиҳад, ки барномаҳои атомиаш фақат ҳадафҳои сулҳомез доранд ва дар иваз таҳримот алайҳи ин кишвар аз байн бурда мешавад. Бино ба гузоришҳо дар сурати ҳосил нашудани созиш то нимашаби 24-уми ноябр мумкин аст, ки гуфтугӯҳо идома ёбад.

XS
SM
MD
LG