Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои Шаҳбол ба додгоҳ рафт


Шаҳбол Мирзоев
Шаҳбол Мирзоев

Дилшод Ҷӯраев - яке аз вакилони мудофеи Шаҳбол рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш даъвояшон бо талаби ҷуброн аз раёсати нирӯҳои марзбониро ба додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе супурданд. Парвандаи мазкур ба зарари моддӣ ва маънавии расондашуда ба Шаҳбол Мирзоев иртибот дорад ва алоҳида аз парвандаи гунаҳгорони лату кӯби ӯ баррасӣ мешавад.

Оқои Ҷӯраев мегӯяд, зарари моддӣ, ки ба Шаҳбол расонда шудааст, 97 ҳазор сомонӣ ва зарари маънавӣ 144 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вале вай таъкид мекунад, ки ҳатто ин маблағ барои пурра барқарор кардани саломатии Шаҳбол кофӣ нест. Ба он харҷи табобати Шаҳбол дар бемористонҳои Тоҷикистон ва Русия дохил намешавад. Нӯъмон Мирзоев-падари Шаҳбол мегӯяд, то ҳол нируҳои марзбонӣ, ки Шаҳбол дар яке аз қисмҳои он хидмат мекард, маблағи табобати вайро низ пардохт накардааст, ва танҳо чанд бор бо доруву дармон кӯмак кардаанд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, ки тирамоҳи соли 2013 баъди хатми донишгоҳи Хҷуанд довталабона ба хидмати артиш рафта буд, моҳи март бар асари бадрафтории як ҳамхидматаш дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ маъюб шуд. Ӯ то ҳол ба пои худ рост нашудаст ва ҳамчунон таҳти табобат қарор дорад.

XS
SM
MD
LG