Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони омӯзгорро дар Ашт зуд боздошт карданд


Russia -- Opel cars stand outside the carmaker's plant in Kaliningrad, 26Oct2009

Russia -- Opel cars stand outside the carmaker's plant in Kaliningrad, 26Oct2009

Кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон 3 нафар сокинони ноҳияи Аштро шоми 19 ноябр ба гумони даст доштан дар куштори Қодиров Хидиралӣ-омӯзгори ин ноҳия боздошт карданд. Дар ин бора Ҷалолиддин Садриддинов-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон 20 ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод.

19 ноябр дар роҳи мошинрави деҳаи Оби Ашти ноҳия ба сабабҳои номаълум Мухбиралӣ Сафаров соли таваллудаш 1989, Маъруф Азимҷонов соли таваллудаш 1988 ва Умедҷон Раззоқов соли таваллудаш 1985 мошини Қодировро нигоҳ дошта вайро аз мошин пиёда кардаанд.

Расидагии муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки ин се нафар омӯзгори 51 соларо шадидан лату кӯб кардаанд ва вайро рӯи роҳ партофта, бо мошини худаш, ки тамғаи Опел Караван мебошад, пахш намудаанд. Баъд аз чунин рафтор онҳо Хидиралӣ Қодировро дар ҳамон ҳолат гузошта, аз маҳали ҳодиса фирор карданд.

Қодиров Хидиралӣ баъд аз бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъд аз чанд соати ин ҳодиса суиқасдкунандагони эҳтимолӣ боздошт шудаанд. Расидагӣ ба сабабҳои ин куштор идома дорад.

Тибқи хабари дигари дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Ориф Раҷабов-сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба пулиси ноҳия хабар додааст, ки шахсони номаълум 18 ноябр аз саҳни ҳавлиаш мошини вай Орел Астраро рабудаанд.

Кормандони пулис дар ҳамкорӣ бо пулиси ноҳияи Истаравшан Аҳрорқул Умаров-сокини 42 солаи шаҳри Истаравшанро бо мошин боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG