Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон роҳ ба сӯи Иттиҳодияи Аврупоро ҳифз мекунад


Ираклӣ Гарибашвилӣ
Ираклӣ Гарибашвилӣ

Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазири Гурҷистон гуфт, роҳи кишвараш ба сӯи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо баргаштнопазир аст. Вай ин нуктаро 17 ноябр дар мулоқот бо мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар Бруссел изҳор дошт. Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо аз хати маши ғарбгароёнаи Гурҷистон бештар шудааст.

Дар аввали моҳи ҷорӣ нахуствазир Аласания Ираклӣ -вазири дифои Гурҷистонро аз мақом барканор кард, зеро вай боздошти чанд шахсияти низомиро чун “ҳамла ба интихоби Гурҷистон” арзёбӣ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро интихоб кардааст.

Барканории Аласания сабаби истеъфои вазири корҳои хориҷаи кишвар шуд ва яке аз 6 ҳизб аз эътилофи ҳоким баромад.

Гарибашвилӣ дар Бруссел гуфт, ки вай мехоҳад“нируи ислоҳотии равандҳои ҳамгароии Аврупо”-ро истифода кунад, то кишвари вай дар минтақа таҷрибаи бомуваффақият дошта бошад.

Федерика Моғеринӣ-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба Гарибашвилӣ гуфт, ки дар Гурҷистон бояд авлавияти қонун таҳким ёбад ва аз ниқоргирии сиёсӣ, зиддият ва чандқутбӣ бояд пешгирӣ шавад.

Моҳи июни соли ҷорӣ Гурҷистон бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи тиҷорат ва ҳамкорӣ қарордод имзо кард.

XS
SM
MD
LG