Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи 20: Барои занон 100 миллион ҷой кор муҳайё шавад


Сарони бист кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушди олам дар нишасти худ дар шаҳри Брисбени Австралия эълом доштанд, ки барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аз чораҳои муштарак кор мегиранд. Дар барномаи амал, ки рӯзи якшанбе, 16 ноябр, дар поёни нишаст аз сӯи раиси нишаст, нахуствазири Австралия Тони Эббот эълон шуд, гап, қабл аз ҳама, дар бораи афзоиши сармоягузорӣ ба тарҳҳои сохторӣ ва тиҷорат меравад. Тасмим гирифта шуд, ки, аз ҷумла, 100 миллион ҷойи кори нав барои занон муҳайё карда, фарқ миёни занону мардони соҳиби кор коҳиш дода шавад.

Музокироти иқтисодӣ дар нишасти Гурӯҳи 20 дар Брисбен дар пасманзари интиқоди шадиди байнулмилалӣ аз Русия барои нақшаш дар бӯҳрони Украина сурат гирифт. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар нишаст изҳор намуд, ки агар Владимир Путин ба нақзи қавонини байнулмилалӣ ва нодида гирифтани созишҳо оид ба оташбас дар Украина идома диҳад, Русия дар инзовои ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи Обама, Русия бо интиқоли силоҳу зиреҳпӯшҳо ба ҷудоихоҳон дар шарқи Украина қавонини байнулмилалӣ ва созишномаи Минскро поймол мекунад.

Владимир Путин нишасти Гурӯҳи 20-ро қабл аз вақт тарк намуд.

XS
SM
MD
LG