Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишти кӯкнор дар Афғонистон зиёд шудааст


Ҳосили афюн имсол дар Афғонистон имсол назар ба соли гузашта афзоиш меёбад, ки бешак барои Тоҷикистон ҳам дарди сар эҷод мекунад. Муассисаи Созмони Милал дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ рӯзи 12-уми ноябр бо нашри як гузориш гуфт, соли 2014 дар Афғонистон дар масоҳати 224 ҳазор гектар кӯкнор кишт кардаанд, ки назар ба соли гузашта 7 дар сад зиёд аст. Жан Люк Лемаю, раиси идораи таҳқиқу равобити умумии муассисаи мазкур гуфт, афзоиши кишти кӯкнор нишон медиҳад, талошҳо барои маҳви кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон бесамар будаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, омори тоза, кишварҳои донорро, ки дар 13 соли гузашта барои мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон миллионҳо доллар харҷ кардаанд, дар ҳоли ногувор қарор медиҳад. Дар Афғонистон 80 дар сади маводи мухаддир дар ҷаҳон тавлид мешавад ва аз ҳисоби пули он Толибон низ ҷанг бар зидди ҳукумати Афғонистонро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG