Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯ дар бораи барномаҳои атомии Эрон идома дорад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, Кетрин Эштон, мушовири Иттиҳодияи Аврупо ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Уммон дар бораи барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу доранд. Мулоқоти рӯзи 9 ноябр дар шаҳри Мускат, ғайрирасмӣ аст ва бо наздик омадани замони имзои созиши атомӣ байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад, ки бояд то рӯзи 24-уми ноябр имзо шавад. Аббос Арақчӣ, музокиракунандаи аршади атомии Эрон, дар остонаи ин мулоқот гуфт, кишвараш муштоқи расидан ба созиш аст ва изҳори умедворӣ кард, ки тарафҳо то рӯзи 24-уми ноябр ба тавофуқ мерасанд. Ҷон Керрӣ, Кетрин Эштон ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, пеш аз мулоқот барои аксбардорӣ ба назди хабарнигоро ҳозир шуданд, вале сӯҳбат накарданд. Қарор аст, даври охири музокироти атомӣ миёни Эрон ва намояндагони Амрикову Чину Русия, Фаронса Олмон ва Бритониё рӯзи 18 ноябр дар Вена баргузор шавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ умедворанд, бар асоси ин созиш Эрон дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд мекунад. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон таҳти пардаи барномаҳои сулҳомеҳи ҳастаӣ, бомби атомӣ месозад.

XS
SM
MD
LG