Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Эрдуғон аз Туркманистон идома дорад


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон

Боздиди дурӯзаи Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия аз Ашқобод-пойтахти Туркманистон идома дорад. Вай 6 ноябр вориди Туркманистон шуд ва баъд аз интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ нахустин ин боздидаш аз як кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Вай пеш аз мулоқоташ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон гуфт, ки муносиботи наздики ин ду кишвар дар ҳоли рушд аст. Эрдуғон ҳамкориҳои ду кишвари туркзабонро дар бахшҳои тиҷорату фарҳанг, ҷаҳонгардиву сохтмон ситоиш кард.

Бердимуҳаммадов гуфт, “Туркия ва Туркманистон дар бораи таъмини сулҳи сартосарӣ ва пешрафт мавзеъгирии яксон доранд”.

Туркманистон дорои захираҳои зиёди гази табиӣ мебошад ва Туркияро яке аз масирҳои судури гази худ ба бозорҳои Аврупо медонад.

XS
SM
MD
LG