Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба оятулло Хоманеӣ номаи махфӣ навиштааст


Бино ба гузоришҳо, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико моҳи октябр дар бораи мубориза бо тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ ба оятулло Алӣ Хоманеӣ номаи махфӣ фиристодааст.

"The Wall Street Journal" дар шумораи 6 ноябри худ аз қавли Обама гузориш додааст, ки ҳар гуна ҳамкорӣ бо созишнома дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон иртибот дорад. Мӯҳлати ин созишномаи муваққатӣ 24 ноябр ба поён мерасад.

Ҷош Эрнст-сухангӯи Кохи Сафед нахост дар ин бора тавзеҳот диҳад вале гуфт, ки сиёсати Амрико нисбат ба Эрон “бидуни тағир” боқӣ мемонад.

Эрнст афзуд, ки Амрико бо Эрон дар бораи тундравҳои Давлати Исломӣ ҳамкории низомӣ нахоҳад кард ва ё маълумоти маҳрамонаи кашфро бо Эрон доду гирифт намекунад. Вале вай гуфт, ки гуфтугӯҳо дар заминаи музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳвастаии Эрон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG