Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳукумати Гурҷистон ихтилоф сар задааст


Ба думболи аз мақомаш барканор шудани Иракли Аласания, вазири дифои Гурҷистон, Мая Панҷикизде, вазири умури хориҷӣ истеъфо дод, ки нишондиҳандаи ихтилофот дар дохили ҳукумати Гурҷистон аст. Мая Панҷикидзе, рӯзи 5-уми ноябр гуфт, аз эътилофи Ормонҳои Гурҷистон, ва Ҳизби демократ ба раҳбарии нахуствазир Иракли Гарибашвили хориҷ мешавад. Баъди онки Иракли Аласания, хостори таҳқиқи ба қавли «ҳамлаҳои мақомоти низомӣ ба роҳи пешгирифтаи Гурҷистон ба самти Аврупо ва Атлантик шуд», нахуствазир Иракли Гарибашвили ӯро рӯзи 4-уми ноябр аз мақомаш барканор кард. Алекси Петриашвили, вазири давлатии ҳамгироии Гурҷистон ба Аврупо ва Аврупову Атлантик низ аз мақомаш истеъфо дод. Чаҳор муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон низ аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Ихтилоф дар ҳукумати Гурҷистон ду сол баъд аз он сурат мегирад, ки ҳизби Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури собиқ дар интихобот шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG