Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҷумҳурихоҳ назорати Конгрессро ба даст гирифт


Дар интихоботи миёндавраии ба Сенати Амрико, номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ раъйи аксарияти мардумро ба даст овардаанд, ки инро баёнгари ноқаноатмандии мардуми Иёлоти Муттаҳида аз ҳукуматдории Барак Обама медонанд. Дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Амрико низ аксарияти курсиҳо ба дасти Ҳизби ҷумҳурихоҳ гузашт ва баъди интихоботи соли 2006 бори аввал аст, ки рақиби Ҳизби демократ, контроли ҳарду палатаи конгресси Иёлоти Муттаҳидаро ба даст мегирад. Номзадҳои Ҳизби демократи Амрико ҳамчунин дар интихоботи губернаторҳои чанд аёлат аз ҷумла аёлати сераҳолии Флорида, Мичиган, Оҳайо бохтанд ва дар аёлатҳои пуштибони ҳизб ба мисли Мериленд, Массачусетс ва Иллинойс раъйи кам гирифтанд. Аз даст додани контроли ҳарду палатаи конгресси Амрико, нуфузи сиёсии Барак Обамаро дар ду соли боқимондаи раёсати ҷумҳуриаш заифтар ва қабули қонунҳои пешниҳодкардаашро мушкилтар мекунад. Аммо Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ барои ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016 зери фишор мемонад.

XS
SM
MD
LG