Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 4 ҷангҷӯи хориҷиро куштанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба як минтақаи ноороми қабиланишин 4 ҷангҷӯи хориҷӣ кушта шуданд. Ҳамла рӯзи 30-уми октябр дар 25-километрии шаҳри Вано, шаҳри аслии Вазиристони Ҷанубӣ ва яке аз паноҳгоҳҳои муҳими Толибон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти Покистон ҳамаи тундравони кушташуда, хориҷиён будаанд. Муайян кардани ҳуввияти ин афрод мушкил аст, вале дар Вазиристони Ҷанубӣ ҷангҷӯёни Ал-Қоида, Таҳрики Толибони Покистон ва тундравони узбаку уйғӯр ҳам паноҳ мебаранд.

XS
SM
MD
LG